Дар Тоҷикистон Барномаи давлатии омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ таҳия карда мешавад

Август 30, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 30.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо дарназардошти ҷорӣ намудани иқтисоди рақамӣ, татбиқи чорабиниҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, муосирсозии раванди таҳсилот, пурра таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ва дурнамои омодасозии кадрҳо дар соҳаи омӯзгорӣ барномаи давлатии омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ таҳия карда шавад.  Чунин дастур доданд ба масъулини соҳа имрӯз зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Сарвари давлат  ба вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  супориш  доданд, ки барномаи мазкурро дар муддати шаш моҳ таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

«Таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб ёфта, раванди бомароми таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ба он робитаи бевосита дорад», — таъкид намуданд Президенти мамлакат.

Иттилоъ дода шуд, ки соли равон муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбиро 17 ҳазору 200 нафар мутахассисони ҷавон бо ихтисоси омӯзгорӣ хатм кардаанд. Соли 2024 дар асоси тақсимот 3168 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо сафарбар карда шудаанд.

Ҳоло муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар ба 3 ҳазору 848 нафар омӯзгор эҳтиёҷ доранд, ки нисбат ба соли гузашта як баробар камтар аст.

Супориш дода шуд, ки вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳия бояд дар муддати як сол масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгориро пурра бартараф намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Август 30, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд