Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин дар соли 2025» оғоз гардид

Август 30, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 30.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон  Озмуни ҷумҳуриявии «Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин дар соли 2025» аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, озмун бо мақсади таҳлили вазъи рӯзномаву маҷаллаҳои дар ҷумҳурӣ чопшаванда, интишори мавод ва тақвият бахшидан ба фаъолияти минбаъдаи онҳо гузаронида мешавад. Ҳамчунин озмун  ба рушди соҳаи табъу нашри мамлакат, дастгирии кормандони воситаҳои чопии ахбори омма ва ҳавасманд намудани рӯзноманигорон мусоидат мекунад.

Озмун аз рӯйи номинатсияҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ва соҳавӣ гузаронида шуда,  ғолибони ҷойҳои I, II, III бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 3000, 2000 ва 1000 сомонӣ қадрдонӣ мегарданд.

Довталабон метавонанд маводи дар рӯзнома ё маҷаллаи давлатию мустақили солҳои 2024 — 2025 дар ҷумҳурӣ нашршударо ба тариқи интихобӣ (аз маҷалла 5 шумора 1-нусхагӣ, аз рӯзнома 10 шумора 1- нусхагӣ) бо ариза ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Нашрияи пешниҳодшуда ба озмун дар асоси талаботи Низомнома ба ҳайати ҳакамон барои муайян намудани ғолибон пешниҳод карда мешавад. Муҳлати ниҳоии қабули дархостҳо 1 декабри соли 2025 мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 30, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид