Густариши ҳамкории илмию таҳқиқотии Тоҷикистон ва Фландрия баррасӣ гардид

Август 14, 2025 08:47

ДУШАНБЕ, 14.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 август президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо роҳбари корҳои ташрифотӣ ва маъмурии Ҳукумати Фландрияи Шоҳигарии Белгия хонум Ҷилл Виллем Суетенс мулоқот намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз академия.

Қобилҷон Хушвахтзода зимни суҳбат оид ба ҳамкории дуҷонибаи зинаҳои гуногуни илмию таҳқиқотӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти Академияи миллии илмҳо маълумоти мушаххас дод.

Ҷонибҳо доир ба ҳамкории гуногуни илмию таҳқиқотӣ ба мувофиқа омада, барои густариш додани робитаҳо масъалаҳои муҳимро баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки дар доираи ин ҳамкорӣ дар оянда олимони ду давлат метавонанд якҷоя таҳқиқоти муштараки археологӣ гузаронида, дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд. Ҳамзамон дар самти омода намудани мутахассисон аз ҳисоби магистрантон ва докторантони PhD дар бахши илмҳои таърихшиносӣ ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд.

Изҳор гардид, ки чунин мулоқот дар оянда низ минбари хубе барои таҳияю мувофиқа кардани равишҳои муштарак, таҳкими ҳамкории бунёдӣ дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ ва пеш аз ҳама, ҳифзи манфиатҳои давлатҳо хоҳад буд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Август 14, 2025 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд