Маърузаи олими тоҷик доир ба ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии фарҳанг ва санъат дар ҷаҳон соҳиби ҷоизаи махсус гардид

Август 6, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 06.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Маърузаи доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомов дар мавзуи «Масъалаҳои ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии фарҳанг ва санъат дар шароити замони ҷаҳонишавӣ» дар Қирғизистон беҳтарин ҳисобида шуда, бо ҷоизаи махсус ва 50 ҳазор сом қадрдонӣ карда шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, 1-2 август дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон доир ба масъалаи ҳифз ва рушди анъанаҳои фарҳанг ва санъат дар ҷаҳон фестивали ҷаҳонӣ ва конгресси илмӣ баргузор гардид. Дар конгресс намояндагони 30 давлати дунё дар бахши илмӣ ва ҳунарӣ иштирок намуданд. Олимон, коршиносони соҳаи фарҳанг ва санъати олам 120 маъруза пешниҳод намуданд.

Мудири шуъбаи санъатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аслиддин Низомов дар ҷаласаи ифтитоҳӣ  дар мавзуи «Масъалаҳои ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии фарҳанг ва санъат дар шароити замони ҷаҳонишавӣ» маъруза намуд. Ҳамзамон хулоса ва пешниҳодҳои олими тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо қарори Шурои байналмилалӣ ин маъруза беҳтарин ҳисобида шуд.

Дар қатъномаи конгресс иброз гардид, ки минбаъд дар сатҳи мактабҳои олии минтақа «Таърихи фарҳанги мардумони Осиёи Марказӣ» ҳамчун фанни асосӣ ворид карда шавад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Август 6, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд