НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 332 донишҷӯ хатм намуд
ДУШАНБЕ, 02.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол донишкадаро 332 нафар донишҷӯ хатм намуда, 9 нафар сазовори дипломи аъло гардид. Дар ин хусус 1 август ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Сироҷиддин Ҷурахонзода иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки шумораи донишҷӯёни хориҷии донишкада соли 2025 ба 10 нафар расида, онҳо асосан шаҳрвандони Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон мебошанд. Аксарияти онҳо дар хобгоҳи донишкада зиндагӣ мекунанд ва раёсати донишкада барои онҳо беҳтарин шароити таҳсилро муҳайё намудааст.
Дар шаш моҳи соли равон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 4 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Созишномаҳо бо Донишгоҳи миллии техникии Беларус, Ҷамъияти саҳомии «Гамма Торговый Дом», Донишгоҳи Кокшета ба номи Абай Мирзахметов (Қазоқистон) ва Академияи миллии санъати Қазоқистон ба номи Темирбек Жургенов ба имзо расиданд.
Сироҷиддин Ҷурахонзода иброз дошт, ки «давоми соли ҳисоботӣ донишҷӯёни мо вобаста ба ихтисос дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба таҷрибаомӯзӣ машғул буданд. Яке аз бахшҳои муҳими раванди таълим таҷрибаомӯзии таълимӣ, педагогӣ, истеҳсолӣ, пеш аз рисолаи хатм барои донишҷӯён, магистрон ва омӯзгорон мебошад. Хусусияти эҷодии таҷрибаомӯзӣ ва дар минтақаҳо ташкил намудани он аҳамияти тарғиботӣ низ дошта, таваҷҷуҳи ҷавонону наврасони минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриро барои интихоби касби санъати тасвирӣ ва дизайн баланд менамояд».
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ«Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






