НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон зиёд гардидааст
ДУШАНБЕ, 06.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи тиббӣ — иҷтимоии Тоҷикистон 3218 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд, ки аз ин шумора 125 нафарро донишҷӯёни хориҷӣ ташкил медиҳанд. Шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар соли таҳсили 2024-2025 64 нафар зиёд гардид. Дар ин хусус имрӯз ректори Донишкадаи тиббӣ — иҷтимоии Тоҷикистон Зарина Ибодзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки дар донишкада донишҷӯёни хориҷӣ аз Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш, Малави, Танзания, Арабистони Саудӣ ва Нигерия таҳсил менамоянд.
«Натиҷаҳои тақсимоти даври якуми қабули довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат дар соли 2025 нишон доданд, ки нақшаи қабул дар Донишкадаи тиббӣ — иҷтимоии Тоҷикистон 98 фоиз иҷро гардидааст. Яъне, дар айни замон 878 нафар довталабон донишҷӯи донишкадаи мо шудаанд»,- изҳор намуд Зарина Ибодзода.
Донишкада бо 51 муассисаи тиббӣ ва профилактикии шаҳри Душанбе шартномаи ҳамкорӣ дошта, донишҷӯёни донишкада дар ин муассисаҳо таҷрибаи амалии тиббӣ мегиранд.
«Дар назди донишкада Маркази клиникии илмӣ-таълимӣ фаъолият менамояд, ки аксари донишҷӯён дар он ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Дар давраи ҳисоботӣ 652 донишҷӯ аз таҷрибаомӯзии санитарӣ гузашт»,-баён дошт ректори донишкада.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ«Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд






