Шаҳри Панҷакент бо номинатсияи сӯзанӣ ба узвияти Шурои байналмилалии ҳунармандӣ пазируфта мешавад

Август 22, 2025 10:44

ДУШАНБЕ, 22.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи баҳодиҳӣ ва ба узвияти Шурои байналмилалии ҳунармандӣ пешниҳод намудани номинатсияи сӯзании Панҷакент зимни мулоқоти Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо ҳайати Шурои байналмилалии ҳунармандӣ, муовини раиси минтақаи Осиё ва Уқёнуси Шуро Сандип Кумар баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.

Дар мулоқот ба меҳмонон оид ба таърихи қадимии ҳунармандӣ, ки намунаи боризаш бостоншаҳри Саразм чун маркази ташаккули кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мебошад, инчунин рушди бесобиқаи анъанаи сӯзанидӯзӣ, ташкили марказҳои ҳунармандӣ ва дастгирии давлатии онҳо иттилоъ дода шуд.

Ҳайати Шуро таассуроташонро аз шиносоӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Панҷакент баён дошта, мақсаду вазифаҳои ин ниҳоди байналмилалиро шарҳ доданд. Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби давлат дастгирӣ меёбанд. Ин барои қабули шаҳр ба Шурои байналмилалии ҳунармандӣ заминаи боэътимод мебошад.

Шурои байналмилалии ҳунармандӣ ниҳоди байналмилалиест, ки шаст сол инҷониб фаъолият дорад. 108 давлати ҷаҳон ба он дохил буда, 74 шаҳр чун шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ дар заминаи навъҳои ҳунарҳои мардумӣ ба он пазируфта шудаанд.

Аз Тоҷикистон ду сол қабл шаҳри Истаравшан бо ҳунари кордсозӣ ба он дохил гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Август 22, 2025 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд