«ШОҲНОМА ВАТАН АСТ». Корвони китоби «Шоҳнома» ба ноҳияи Тоҷикобод ворид гардид

Август 20, 2025 10:43

ТОҶИКОБОД, 20.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шиносоӣ бо гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии насли имрӯзу фардои миллат туҳфаҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корвони китоби «Шоҳнома» (ҷилдҳои як ва ду) ба ноҳияи Тоҷикобод ворид гардид.  Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод иттилоъ доданд.

Китоби «Шоҳнома» (ҷилдҳои як ва ду) бо теъдоди 14 ҳазору 12 нусха ба ноҳияи Тоҷикобод ворид дастрас карда шуд, ки  имрӯзҳо тақсими он дар 7006 хоҷагӣ идома дорад.

Иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба интишор ва ба ҳар хонаводаи тоҷик тақдим намудани «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ идомаи  ташаббусҳои дурбинонаю ватандӯстонае мебошад, ки на танҳо ба баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастии мардум, балки боло бурдани сатҳи маънавӣ ва ҷаҳонбинию дунёшиносии сокинон нигаронида шудааст.

«Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ аз ҷониби комиссияи босалоҳияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва рақамгузорӣ карда шуда, ба ҳар хонавода ҳамчун туҳфаи таърихӣ ва рамзию арзишманди  Сарвари давлат тақдим мегардад. Дар айни замон тақсими китобҳо дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия идома дорад.

Сокинони бо нангу номуси  ноҳияи Тоҷикобод туҳфаи арзишманди Президенти Тоҷикистонро бо хушнудию  сарфарозӣ қабул намуда, иброз доштанд, ки «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бохабар гардидани сокинони Тоҷикистон аз таъриху гузаштаи ниёгон ва баланд  бардоштани маърифату фарҳанги мардум дар баробари китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров бори дуюм аст, ки китоби  «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсии бузургро ба ҳар оила туҳфа менамоянд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Сарвари давлат мо кӯшиш менамоем, ки бо фарзандонамон ин китобҳои таърихии миллати тоҷикро хонем, аз таъриху фарҳанги гузаштаамон бохабар гардида, насли наврасро дар руҳияи ватандӯстию  хештаншиносӣ тарбия намоем».

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод

Август 20, 2025 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ХУТАЛИ ҚАДИМ — ПОЙГОҲИ ЗУҲУРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Соли 2026 дар Тоҷикистон симпозиуми байналмилалӣ доир мешавад
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 41 ҳазор нусха китобҳои камистифодашаванда ва нодир нигоҳдорӣ мешаванд
РАҚАМИКУНОНИИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ. Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар таҳрири нав таҳия мегардад
Соли 2026 дар шаҳри Душанбе Театри миллӣ ба истифода дода мешавад
Бахшида ба фаъолияти эҷодии Дона Баҳром ҳамоиши илмӣ –фарҳангӣ баргузор гардид
Дар вилояти Хатлон солҳои 2026-2030 «Солҳои фарҳанги китобхонӣ» эълон гардид
Соли 2025 зиёда аз 100 ҳазор сайёҳони хориҷӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо намуданд
ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Давлатбӣ Давлатова дар эҳёи порадӯзии миллӣ саҳми назаррас мегузорад
Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ оид ба тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд»