Сокинони шаҳри Роғун соҳиби туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ гардиданд

Август 25, 2025 08:57

РОҒУН, 25.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тақдими китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба сокинони Роғун идома дорад. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  иттилоъ доданд.

Китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ 22 август бо теъдоди 13 912 нусха барои тақдим ба 6956 хонавода ба шаҳри Роғун ворид карда шуд. Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун гурӯҳи корӣ ташкил гардид, ки аъзои он дар остонаи ҷашни миллии Истиқлолияти давлатӣ ин туҳфаи арзишманди Сарвари  давлатамонро ба ҳар хонавода тақдим доранд.

Бояд гуфт, ки китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ яке аз асарҳои безаволи адабиёти тоҷику форс буда, арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии миллати тоҷикро инъикос менамояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки мутолиаи чунин китобҳо барои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ аҳамияти калон дорад. Туҳфаи ин китоб аз ҷониби Сарвари давлат ба ҳар хонавода  иқдоми арзишманди арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллати бостонӣ ва тамаддунофари тоҷик буда, ба таҳкими худшиносии миллии ҳар оила таъсир мерасонад.

Сокинони шаҳри Роғун «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ- китоби тарғибкунандаи ватандӯстию худшиносии миллиро бо шодию фараҳ қабул карда, барои тақдими он ба  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун

Август 25, 2025 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид