Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони шуъбаи кафолатҳои Агентии байналмилалии неруи атомӣ мулоқот намуд

Сентябрь 17, 2025 18:15

ДУШАНБЕ, 17.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар  доираи ҷаласаи 69-уми конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар шаҳри Вена мулоқоти ҳайати Тоҷикистон ва намояндагон аз шуъбаи кафолатҳои Агентӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳо вобаста ба санҷиши муассисаҳое, ки дар фаъолияти худ маводи ядроӣ ва радиоактивӣ истифода мебаранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  Ҳамчунин дар хусуси  фаъолияти  нозирони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  дар доираи уҳдадориҳои Созишнома дар бораи манъи паҳншавии силоҳи ҳастаӣ ва Протоколи иловагӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд, сухан гуфта шуд.

Зимни суҳбат мавзуъҳо марбут ба пешниҳоди саривақтии гузоришҳои электронӣ ба Портали декларатсияҳои давлатӣ (State Declaration Portal), баргузории чорабиниҳо дар Маркази навбунёди минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии  мазкур ва омодасозии мутахассисони касбӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар хотима тарафҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз баргузории мулоқот барои идомаи ҳамкорӣ дар самти таҳкими робитаҳо изҳори омодагӣ  намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 69-уми конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ, ки 15 сентябр  дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия оғоз гардид, иштирок дорад.   Ҷаласаи мазкур то 19 сентябр идома меёбад.

 АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2025 18:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Тоҷикистон ва Эрон дар самти густариши ҳамкории саноатӣ ва тиҷоратӣ ба мувофиқа расиданд
Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар Хатлон беш аз 80 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон қариб 400 корхонаи саноатӣ таъсис дода шуд
Соли 2025 дар корхонаю коргоҳҳои саноатии ноҳияи Ёвон ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд
Дар шаҳри Ҳисор минтақаи саноатӣ таъсис дода мешавад