Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Федератсияи Русия ҳамкориро тақвият медиҳанд

Сентябрь 13, 2025 10:02

ДУШАНБЕ, 13.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва намояндаи Вазорати тандурустии Федератсияи Русия Меҳман Мамедов мулоқот намуда, ба мувофиқа омаданд, ки ҳамкории илмӣ, гузаронидани озмоишҳои муштарак бо олимони шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтии академия дар самти кардиология тақвият дода шавад.

Тавре АМИТ бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳамсуҳбатон ҳамзамон ба самти омода намудани кадрҳои илмӣ тавассути табодули академӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Ҷонибҳо барои баргузорӣ ва иштирок дар Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 1045-солагии олими бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино, ки дар Тоҷикистон баргузор мегардад, изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 13, 2025 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд