Ҳамкорӣ дар раванди таҳияи «Барномаи нави кишварӣ барои солҳои 2026-2030» баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 26.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкорӣ дар раванди таҳияи «Барномаи нави кишварӣ барои солҳои 2026-2030» дар вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо директори минтақавии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ барои давлатҳои Шарқи наздик, Африқои шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Марказӣ Наоуфел Телаҳиг дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мусоҳибон масъалаҳои раванди амалишавии лоиҳаҳо ва барномаҳоро бо маблағгузории ин фонд дар Тоҷикистон дар самтҳои кишоварзӣ, тағйирёбии иқлим, инчунин ҳамкории оянда дар ин самт барои давраи то соли 2030-ро баррасӣ намуданд.
Баҳодур Шерализода аз сатҳи ҳамкории Кумита бо ин фонд дар самти масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим изҳори қаноатмандӣ намуд. Иброз гардид, ки дар айни замон дар Тоҷикистон бо дастгирӣ ва маблағгузории ин фонд Лоиҳаи давлатии сармоягузории «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа+» (CASP+) аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» мавриди амал қарор дорад. Ҳадафи он мусоидат ба гузариш ба самти устувори рушд бо назардошти коҳиши ихроҷи газҳои гулхонаӣ ва татбиқи усулҳои нави истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ба тағйирёбии иқлим устувор мебошад.
Наоуфел Телаҳиг гуфт, ки аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист лоиҳаи нави грантӣ дар мавзуи «Барқарорсозии низоми экологӣ ва устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон» бо ҷалби маблағҳои грантии Фонди глобалии экологӣ (GEF) таҳия ва аз ҷониби GEF тасдиқ гардид.
Инчунин дар вохӯрӣ ҳамкорӣ дар раванди таҳияи «Барномаи нави кишварӣ барои солҳои 2026-2030», ки аз ҷониби фонди мазкур таҳия мегардад, баррасӣ карда шуд.
Раиси Кумита пешниҳод намуд, ки дар доираи ин барнома барои таҳияи лоиҳаҳои нав таваҷҷуҳи бештар ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим равона карда шавад.
Инчунин ҳамкории дуҷониба дар таҳия ва татбиқи Саҳми дар Сатҳи Миллӣ муайяншудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши ихроҷи газҳои гулхонаӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим муҳокима гардиданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад






