Аз қалъаи Бибихонуми шаҳри Бохтар бозёфтҳои давраҳои таърихӣ кашф карда шуданд
ДУШАНБЕ, 21.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани корҳои ҳафриётӣ аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ёдгории бостонии қалъаи Бибихонуми шаҳри Бохтар миқдори зиёди бозёфтҳои давраҳои таърихӣ, ҳамчунин намунаҳои маҳсулоти ғалладонагӣ кашф карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.
Ин ёдгориҳо бо ҷалби донишҷӯёни бахши таърихи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав зимни таҷрибаомӯзӣ кашф карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувони вилояти Хатлон барои омода намудани мутахассисони самти ҳифзи мероси миллӣ Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ёдгории бостонии қалъаи Бибихонуми шаҳри Бохтар корҳои ҳафриётӣ оғоз намуд.
Таҳқиқу омӯзиши бозёфтҳои бостоншиносӣ, хусусан ғалладонагӣ барои пешрафти соҳаи хоҷагии мамлакат аҳамияти муҳими соҳавӣ дорад.
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






