Ба ифтихори 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 19.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 700-солагии бузургтарин шоири ғазалсарои тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳофизи Шерозӣ ва ҳунари хушнависии тоҷик» намоиши ҷумҳуриявии ҷашнӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода ва дигар намояндагони илму фарҳанги мамлакат доир ба мақому манзалат ва саҳми мондагори Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар рушди адабиёти оламшумули тоҷику форс сухан намуданд. Дар намоиш ходимони илмии Осорхонаи миллӣ аз ашъори Ҳофизи Шерозӣ шеъру ғазалҳо қироат намуданд.
Дар намоиши ҷашнӣ аз фонди тиллоии осорхона маҷмуи осори таърихию фарҳангие, ки инъикосгари ҳаёту рӯзгор ва фаъолияти илмию адабии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ мебошанд, ба маъраз гузошта шуданд.
Дастнавис ва китобҳои чопи сангии девонҳо, куллиёт ва баёзҳои Ҳофизи Шерозӣ, намунаҳои ҳунари хушнависӣ аз ашъори шоир, асари санъати рассомӣ бо тасвири симои Ҳофиз, аксҳо аз ҷараёни
баргузории намоиши байналмилалии «700 сол бо Ҳофиз» дар қароргоҳи ЮНЕСКО, осори нодири мисӣ, биринҷӣ, сангӣ ва чӯбии катибадор, лавҳаҳои хушнависӣ бо хатҳои зебои настаълиқ ва куфӣ, сӯзаниҳои катибадор, асарҳои илмии тозанашри олимону ҳофизшиносони ватанию хориҷӣ роҷеъ ба ҳаёту рӯзгори Ҳофизи Шерозӣ ва дигар осори дорои аҳамияти осорхонавӣ аз ин ҷумла буданд.
Намоиши ҷашнии «Ҳофизи Шерозӣ ва ҳунари хушнависии тоҷик» бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025 ташкил карда шуда, то 1 октябр идома меёбад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад






