Бахшида ба 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид

Сентябрь 18, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 18.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 80-солагии адиби маъруфи тоҷик, муаллифи Суруди миллӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳӣ Рӯдакӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Маҳфил бо иштироки шоирон, нависандагон ва аҳли адаб баргузор гардида, иштирокчиён аз нақши муҳими шоири тавонои тоҷик Гулназар Келдӣ дар ташаккули андешаи миллӣ, тарғиби ватанпарастӣ ва рушди адабиёти муосири тоҷик ёдовар шуданд.

Иброз гардид, ки шеър дар эҷодиёти Гулназар Келдӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Доираи мавзуи ашъораш басе густарда буда, ковишу бозёфт дар онҳо фаровону пурҷило таҷассум ёфтааст. Ифтихори милливу ватандӯстдорӣ, васфи ҷавонӣ, ҷунуни ишқ, орзуву ҳавас, дарду алам, талхии ноко­мӣ, хиёнату бебарорӣ дар шебу фарози зиндагӣ, тасвири хушбахтии қаҳрамони лирикӣ дар эҷодиёти Гулназар Келдӣ ҷойгоҳи махсус доранд.

Маҷмуаи нахустини шоир «Расми сарбозӣ» соли 1969 интишор ёфтааст. То имрӯз қариб чил маҷмуаи ашъори шоир пешкаши дӯстдорони каломи бадеъ гардидаанд, ки «Фасли оғоз», «Тулӯи беборӣ», «Оинаи ташна», «Туву хубиву раъноӣ», «Сафина», «Шоиру шеъре агар ҳаст…», «Оғӯши саршор», «Аз барои Гулизор», «Девори сабз», «Дарёи кӯча», «Борони бесаранҷом», «Се кулчаи танӯрӣ» аз ҷумлаи ин эҷодиёт мебошанд.

Шоир дар гузашта дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ва нашрияҳои «Пайванд», «Адабиёт ва санъат» ва «Ваҳдат» ба ҳайси мудири шуъба ва сардабир кор кардааст. Аз соли 2005 то 2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд. Аз соли 1973 аъзои Иттифоқи нависандагон буд.

Ёдовар мешавем, ки Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар рустои Дардари ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1966 факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба анҷом мерасонад. Фаъолияти кориро аз нашрияи «Комсомоли Тоҷикистон» оғоз ва сипас дар маҷаллаи «Садои Шарқ» идома медиҳад. Солҳои 1975-1977 ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон хизмат кардааст. Аз соли 1991 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба ҳайси сармуҳаррир ба фаъолият мепардозад.

Барои маҷмуаи ашъори бачагонаи «Се кулчаи танӯрӣ» сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1995) гардидааст.

Гулназар Келдӣ ҳамчунин Шоири халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода мебошад. Бо нишонҳои «Дӯстӣ», «Исмоили Сомонӣ», «Дарахти дӯстӣ» (Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) ва Ҷоизаи адабии Созмони байналмилалии савдо барои инкишофи зеҳният мукофотонида шудааст.

Гулназар Келдӣ 13 августи соли 2020 дар синни 75 бинобар беморӣ аз олам даргузашт.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 18, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба рушди техникаю технологияи муосири китобдорӣ машғулият баргузор гардид
ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
26 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Он ба ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллӣ табдил ёфтааст
Дар Институти математика масъалаҳои муҳими усулҳои нави таҳқиқотӣ ва натиҷаҳои бадастомада баррасӣ шуданд
САДА — МУЖДАИ НАВРӮЗ. Ин ҷашни бостонӣ ифодагари омодагии деҳқонон ба кишту кор мебошад
ҶАЛБИ БЕШТАРИ ХОНАНДАГОН БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид
ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Ҳамкории «Тоҷикфилм» бо Институти миллии аудиовизуалии Фаронса тақвият меёбад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
26 январ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад