Байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ширкати «DI Lab Inc» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 27.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ширкати «DI Lab Inc»-и Ҷумҳурии Корея шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода бо муассис ва директори генералии ширкати «DI Lab Inc»-и Ҷумҳурии Корея Мён Кванг Мин масъалаи ташкили машғулияти омӯзишии сертификатсионӣ ва робитаҳои таълимию илмиро баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба фаъолияти «Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Тоҷикистону Корея»-и назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон маълумот дода шуд.
Иброз гардид, ки дар марказ мутахассисони рақобатпазир ба бозори меҳнат дар самти технологияҳои инноватсионию рақамӣ, бахусус зеҳни сунъӣ, робототехника ва барномасозии бесарнишинҳо омода карда шуда, инчунин забон ва фарҳанги кореягӣ омӯзонида мешавад.
Ҷонибҳо густариши минбаъдаи ҳамкориро дар самти робитаҳои таълимию илмӣ муҳим ва зарур донистанд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






