Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории оморӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 05.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр дар Пекин байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Яке аз онҳо Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории оморӣ байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои миллии омори Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин санад ба мубодилаи иттилоот ва табодули таҷриба оид ба самтҳои афзалиятноки рушди омори расмӣ, аз ҷумла методологияи оморӣ, стандартҳо ва равандҳо равона мегардад.
Дар доираи ин санади ҳамкорӣ мубодилаи таҷриба оид ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва сарчашмаҳои нави маълумот барои таҳияи омори расмӣ, аз ҷумла рақамикунонии фаъолияти оморӣ, татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар ҷамъоварии маълумот ва истифодаи маълумоти калон дар таҳқиқоти оморӣ ва барӯйхатгирӣ амалӣ карда мешавад.
Инчунин ҷонибҳо дар оянда сафарҳои дуҷонибаи мутахассисонро бо мақсади омӯзиши таҷриба ва такмили малака дар самти ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил ва паҳнкунии маълумоти омори расмӣ бештар менамоянд.
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои миллии омори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории оморӣ бо мақсади табодули таҷриба оид ба усулҳои пешрафтаи ташаккули омори расмӣ ҷаласа, семинар ва конфронсҳои муштарак доир менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад






