Дар Бонки миллии Тоҷикистон имконияти платформаи рақамии амалиёти факторингӣ бо ширкати «OZPLANET» баррасӣ шуд

Сентябрь 19, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 19.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имконоти платформаи рақамии амалиёти факторинг* ва густариши ҳамкорӣ дар ин самт дар мулоқоти муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон  Фируз Шарифзода бо муассисони ширкати узбекистонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «OZPLANET» ва роҳбари барномаи «Маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул»-и Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) дар Душанбе баррасӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода иброз намуд, ки рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ яке аз ҳадафҳои афзалиятноки Бонки миллии Тоҷикистон аст. Дар ин самт  татбиқи платформаи электронии факторингӣ, ки иқтидори дастгирии соҳибкории хурду миёна, таъмини шаффофияти ҳисоббаробаркунӣ ва фаъолгардонии гардиши сармояро дар иқтисодиёт дорад, саривақтӣ ва муфид хоҳад буд. Барнома ва платформаи электронӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди маблағгузорӣ таҳти гарави дороиҳои манқул, алалхусус ташкили платформаи рақамии факторинг ба таври сода ва зуд анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳоро байни соҳибкорону таҳвилгарони онҳо имкон медиҳад.

Намояндагони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «OZPLANET» доир ба фаъолияти платформаи рақамии факторинг дар Узбекистон маълумот пешниҳод намуда, кори платформаи мазкурро дар амал нишон доданд. Ширкати «ОZPLANET» таҳиякунанда, соҳибмулк ва оператори яке аз платформаҳои рақамии факторинг дар ин давлат буда, дорои таҷрибаи рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ дар Узбекистон ва Русия мебошад.

Фирӯз Шарифзода иброз дошт, ки дар доираи Харитаи роҳ барои  амалинамоии барномаи «Маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул» барои соҳибкорони хурду миёна дар Тоҷикистон соли 2024 байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ созишномаи дутарафа ба имзо расид. Ҳадафи он зиёд намудани дастрасии соҳибкорони хурду миёна дар Тоҷикистон ба хизматрасонии молиявӣ ва маҳсулоти қарзии алтернативӣ буда, маблағгузорӣ таҳти гарави дороиҳои манқул метавонад ба ин раванд мусоидат намояд.

Дар анҷом ҷонибҳо доир ба самтҳои дигари ҳамкории минбаъда табодули афкор намуданд.

 АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

___________

Факторинг воситаи молиявӣ барои ширкатҳое мебошад, ки мол ё хизматрасониро бо шарти ба таъхир андохтани пардохт мефурӯшанд. Ба воситаи он молрасон ҳуқуқи талаб кардани қарз (қарзҳои дебиторӣ)-ро ба ширкати факторингӣ (бонк ё фирмаи махсусгардонида) барои пардохти фаврӣ, бе интизории пардохт аз харидор вогузор мекунад.

Сентябрь 19, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1464 то 11.0800 сомонӣ муқаррар шудааст
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд