Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷашни истиқлолро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 05.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ки соли таъсиси он ба соли Истиқлоли давлатӣ рост меояд, имрӯз бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маркази омода намудани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир табдил ёфтааст.Чунин иброз намуд Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ иттилоъ доданд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ Убайдулло Асрорзода изҳор намуд, ки Истиқлоли давлатӣ рамзи ифтихору сарбаландӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ваҳдату озодӣ буда, бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои устувори давлатдории миллӣ гузошта шуданд.
Бо шарофати истиқлол Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор намуда, бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ, махсусан дар масъалаҳои об, муҳити зист, сулҳ ва рушди устувор мавқеи намоён касб намуд.
Дар ҷараёни ҷамъомади тантанавӣ як зумра омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ барои саҳми арзанда дар рушди соҳа, тарбияи ҷавонон ва корҳои ободонию созандагӣ бо Сипоснома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҷамъомади тантанавӣ бо барномаи фарҳангии иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона ва тараннумгари истиқлол фазои идонаро пуршукуҳ намуд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон


















Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






