Дар Душанбе Атласи тағйирёбии муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Сентябрь 2, 2025 15:05

ДУШАНБЕ, 02.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 сентябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки доираи васеи олимону коршиносони  соҳаи  ҳифзи муҳити зист Атласи тозанашри тағйирёбии муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муаррифӣ гардид, иттилоъ медиҳад  хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар маросими  муаррифии  Атласи тағйирёбии муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев, муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Исфандиёр Шукурзода,  Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум  Парвати Рамасвами сухан намуда, нашри Атласро дар шароити тағйирёбии иқлим муассир арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Атласи тағйирёбии муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти наву муҳиме пешкаш мекунад, ки ба Тоҷикистон дар ҳалли оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва таназзули муҳити зист кумак мерасонад. Атлас ба тасмимгирандагон имкон   медиҳад, ки чораҳои ҳифзи захираҳои табиӣ, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва мусоидат ба рушди устуворро муайян намоянд.

Атласи тағйирёбии муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар ҳамкории илмӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ва дастгирии Барномаи  Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист /ЮНЕП/ бо забони русӣ дар Қазоқистон бо намунаи пилотӣ 50 нусха  нашр гардидааст. Он дар оянда бо забони тоҷикӣ ва русӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор нусхаӣ чоп мегардад.

Барои тартиб додани Атласи тағйирёбии муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон  олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шудаанд. Атласи тағйирёбии муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳоро оид ба муҳити зист давоми 60 соли охир  дар бар мегирад.  Дар Атлас вобаста ба самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ, иқлим, истифодаи ҷангал,  беҳтар кардани ҳолати  мелиоративии заминҳо бо ҷалби мутахассисони  Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, канданиҳои фоиданок  ва дар маҷмуъ дигар соҳаҳои афзалиятнок маълумоти дақиқ ҷамъ оварда  шудааст.

Аксҳое, ки дар  Атласи тағйирёбии муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудаанд,  солҳои 2020-2024 аз коинот аксбардорӣ гардидаанд. Онҳо дигаргунии куллиро дар самти  омилҳои тағйирёбии иқлим дар бар мегиранд.

Дар шароити тағйирёбии иқлим  чопи Атласи  тағйирёбии муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ  ва муҳим буда, метавонад ҳамчун китоби  рӯйимизӣ истифода гардад. Атласи тағйирёбии муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораҳои давлатӣ дастрас карда мешавад.

 Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 2, 2025 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад