Дар Душанбе таҳти унвони «Нақши «Шоҳнома» дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонони Тоҷикистон» хониши сиёсӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзуи «Нақши «Шоҳнома» дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонони Тоҷикистон» хониши сиёсӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ на танҳо мероси бузурги адабӣ ва фарҳангии миллати тоҷик аст, балки ҳамчун василаи маънавӣ барои омӯзиши таърихи миллат, эҳсоси ифтихори миллӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон хизмат мекунад. Омӯзиши ин асари бебаҳо метавонад барои наврасон ва донишҷӯён заминаи устувори тарбияи маънавӣ, худшиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ фароҳам орад.
«Бо дарназардошти бузургии ин асари безавол бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳар як хонадони тоҷик тақдим карда шуда истодааст, ки он сарчашмаи худшиносӣ, тарбияи маънавӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мебошад»,- таъкид гардид дар ҳамоиш.
Иштирокдорони ҳамоиш ёдовар шуданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи арзиши мондагори «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ пайваста хотиррнишон намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки : ««Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст. Агар мо бихоҳем, ки ҷовидон дар ин сарзамин руҳи Фирдавсиро зиндаву покиза нигоҳ дорем ва худро вориси воқеии ӯ бидонем, бояд ҳамаи андарзҳои ӯро ҳифз намуда, тибқи онҳо амал намоем, барои оромишу осоиш, ваҳдату ягонагӣ ва пойдор гардидани сулҳ ба ҷон бикӯшем».
Ёдовар мешавем, ки 5 декабри соли 2023 зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода шуд, ки ба хотири огоҳии бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни ниёгон «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас карда шавад. Тақсими ин шоҳасар ба ҳар хонаводаи аҳолии мамлакат аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Рашт шуруъ гардида, дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дорад.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд






