Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 34-солагии Истиқлоли давлатиро бо тантана таҷлил намуданд

Сентябрь 6, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи  воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати таҷлили 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд.

Дар чорабинӣ роҳбарияти Корхонаи  воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ҳайати васеи кормандон иштирок доштанд.

Дар оғози чорабинӣ таъкид гардид, ки Рӯзи Истиқлол барои ҳар як тоҷику Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи таърихӣ ва тақдирсоз мебошад.

Гуфта шуд, ки тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, барои пешрафт ва рушди кишвар заминаи устувор фароҳам оварданд.

Дар охир ба як зумра кормандони Корхонаи  воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои натиҷаҳои назаррас дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва намунавӣ мукофотҳои соҳавӣ ва ифтихорнома тақдим карда шуд.

АКС: Корхона воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Сентябрь 6, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд