Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор мегардад

Сентябрь 22, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 22.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба баргузории   Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» доир карда шуд. Дар ҷаласа  масъалаи   баргузории даври сеюми озмун баррасӣ гардид.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, иштирокчиёни ҷаласа замон ва макони баргузории озмунро интихоб намуданд. Аъзои ҳакамон вазифадор гардиданд, ки барои интихоби беҳтарин иштирокчии озмун саъю талош кунанд.

Даври якуми озмун  аз 1 апрел то 10 май дар маркази шаҳру ноҳияҳои  ҷамҳурӣ доир шуда, иштирокчиёни  беҳтарин ба даври дуввум роҳхат гирифтанд. Даври дуюм аз 10 июн то 5 июл дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид. Давре сеюм аз 25 то 30 сентябр доир мешавад.

Дар ин даври озмун 509 ғолиби даври дуюм иштирок менамояд. Даври сеюми озмун аз рӯи номинатсияҳо дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа  Сатторов, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаю маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 22, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд