Директори Театри опера ва балети Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ ҳамкории эҷодӣ ва таълимӣ пешниҳод намуд
ДУШАНБЕ, 25.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи XXXX Шурои ҳамкории фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Камолиддин Сайфиддинзода пешниҳод намуд, ки фазои ҳамкорӣ на танҳо дар самти эҷодӣ, балки дар самти таълимӣ низ густариш дода шавад. Аз ҷумла, ӯ пешниҳод намуд, ки лоиҳае таъсис дода шавад, ки дар рушди неруи кадрӣ дар соҳаи санъати академӣ дар Тоҷикистон нақши муҳим бозад.
«Мутахассисони баландихтисос, ки тибқи ин барнома ба Тоҷикистон меоянд, метавонанд ҳам дар оркестри театри мо фаъолият кунанд ва ҳамзамон ба ҷавонон дарс омӯхта, мутахассис омода намоянд. Мо қаблан таҷрибаи чунин ҳамкориро доштем, вале бо васеъ намудани ин иқдом метавонем натиҷаҳои боз ҳам назаррас ба даст орем»,-гуфт Камолиддин Сайфиддинзода.
Камолиддин Сайфиддинзода ҳамчунин пешниҳод намуд, ки дар доираи Шурои ҳамкории фарҳангии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахши нави сохторӣ таъсис дода шавад, то ин лоиҳа дар тамоми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил амалӣ гардад.
Пешниҳоди дигар баргузории ҳамоиши умумии директорони театрҳои опера ва балети кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2026 дар шаҳри Душанбе буд. «Ин гуна вохӯриҳо ба мо имкон медиҳанд, ки роҳи ҳалли масъалаҳои муҳимро пайдо кунем ва робитаҳои фарҳангиро мустаҳкам намоем»,-изҳор дошт Камолиддин Сайфиддинзода.
Пешниҳодҳои намояндаи Тоҷикистон аз ҷониби ҳамкорони хориҷӣ дастгирӣ ёфтанд.
Ёдовар мешавем, ки Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ муассисаи асосии Шурои ҳамкории фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, ташаббускор ва сохтори марказии Шурои ҳамоҳангсози театрҳои опера ва балети кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ мебошад.
АКС: Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ








Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд






