Донишҷӯи Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Asian Championship» соҳиби медали тилло шуд
ДУШАНБЕ, 18.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯи курси якуми факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашраф Сайдализода дар Мусобиқаи сатҳи байналмилалии «Asian Championship», ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон доир шуд, аз намуди варзиши Brasilian Jiu Jitsu ҷойи якум ва медали тиллоро соҳиб гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатӣ иттилоъ доданд.
Ин дастоварди назаррас на танҳо ифтихори шахсӣ ва натиҷаи заҳмати доимии Ашраф Сайдализода, балки нишонаи сатҳи баланд ва қобилияти варзишии донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатӣ мебошад.
Ашраф Сайдализода бо ин натиҷа намунаи ибрат барои ҳамсолон ва дигар донишҷӯёни Академия гардид. Ин далели он аст, ки бо ҷасорат, матонат ва иродаи қавӣ метавон дар сатҳи байналмилалӣ низ ба комёбӣ ва шуҳрат роҳ ёфт.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






