Форуми байналмилалӣ оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва СММ ба хотири рушди устувор баргузор шуд

Сентябрь 26, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 26.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти  роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи захираҳои об, рушди иқтисоди «сабз» ва тақвияти ҳамкории минтақавию байналмилалӣ мавқеи мамлакатро ҳамчун пешоҳанги ташаббусҳои глобалӣ тақвият додааст. Ин нуктаро Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Созмони Милали Муттаҳид ва ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор», ки имрӯз дар Душанбе  бо ибтикори Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид, иброз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар форум ректори донишгоҳ бо ишора ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки Тоҷикистон дар раванди ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, дипломатияи об, амнияти киберӣ ва таҳкими ҳуқуқи байналмилалӣ мавқеи устувор ва созанда дорад. Ҳамзамон ба нақши муассир ва аҳамияти робитаҳои устувори илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар амалӣ намудани ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид ишора карда шуд.


Дар форум гуфта шуд, ки рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ на танҳо масъулияти миллӣ, балки уҳдадории умумибашарӣ мебошад. Иштирокдорони форум ҳамкории байналмилалиро омили калидӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди устувор арзёбӣ карданд.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки ин форум ба ифтихори 80-солагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид ва дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд. Ҳадафи он таҳкими шарикӣ ва муколама дар самти татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат ба ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) мебошад.

Форум бо қабули пешниҳодҳои мушаххас оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва сохторҳои давлатӣ анҷом ёфт.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Сентябрь 26, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд