Маркази саратоншиносии вилояти Суғд бо таҷҳизоти табобатии нурии саратонӣ таъмин гардид
ДУШАНБЕ, 24.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи лоиҳаи миллии Агентии байналмилалии неруи атомӣ ва бо мусоидати Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нахустин маротиба ба Маркази саратоншиносии вилояти Суғд таҷҳизот барои табобати нурии саратони гарданаки бачадон (брахитерапия) дастрас гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
То имрӯз беморон барои қабули табобати нурӣ маҷбур буданд, ки ба шаҳри Душанбе ё кишварҳои хориҷӣ сафар кунанд, ки он хароҷот ва мушкилии зиёд ба вуҷуд меовард. Ҳоло шароит фароҳам оварда шуд, ки чунин табобат дар вилояти Суғд сари вақт ва бо хароҷоти кам анҷом дода шавад.
Дар доираи лоиҳаҳои миллии Агентии байналмилалии неруи атомӣ ва бо мусоидати ҳамоҳангсози миллии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ солҳои охир ба марказҳои саратоншиносӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб таҷҳизоти замонавии ташхисию табобатӣ, аз қабили дастгоҳҳои рентгенӣ, томографияи компютерӣ, мамография ва бранхотеропия ворид мегарданд.
Дар оянда низ татбиқи дигар барномаҳои муштарак бо дастгирии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ ва шарикони байналмилалӣ идома ёфта, ҳамзамон омӯзиши мутахассисон ва олимони тоҷик ба нақша гирифта шудааст.
Лоиҳаҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, пешгирии саривақтӣ ва табобати самараноки бемориҳои саратонӣ амалӣ шуда, ба баланд бардоштани сатҳи саломатии миллати тоҷик мусоидат менамоянд.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






