Муовини Сарвазири Беларус дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос гардид
ДУШАНБЕ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Наталя Петкевич дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко ва ҳайати ҳамроҳонашон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон шинос гардиданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ба меҳмонон таърихи куҳан, фарҳанги пурғановат ва саҳми ниёкони тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ дар мисоли бозёфтҳои ёдгориҳои машҳури мамлакат муаррифӣ карда шуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Наталя Петкевич аз тамошои толорҳои намоишӣ ва шиносии бештар бо осори ниёгони тоҷикон изҳори хушҳолӣ карда, таассуроти худро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ дарҷ намуд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд






