Намоиши «Олами гулдӯзии тоҷикон» дар Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон доир мегардад
ДУШАНБЕ, 11.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр нахустнамоиши Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Олами гулдӯзии тоҷикон» дар Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон ифтитоҳ мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Дар ин намоишгоҳ ҳунари волои гулдӯзии тоҷикон ҳамчун ҷузъи муҳимми мероси фарҳанги миллӣ муаррифӣ гардида, нақши онро дар арсаи ҷаҳонӣ бозтоб медиҳад. Ин иқдом қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстона байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон арзёбӣ мегардад.
Осорхонаи миллии Тоҷикистон 56 намунаи нодири гулдӯзиҳои анъанавиро, ки ганҷинаи ғании мероси ҳунарии тоҷиконро дар бар мегиранд, ба намоиш пешниҳод менамояд.
Бояд гуфт, ки масъалаи ташкили нахустнамоиши Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Олами гулдӯзии тоҷикон» дар Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон чанде пеш зимни мулоқоти маҷозии Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода бо намояндагони Осорхонаи миллии қолинҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон баррасӣ гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ороиши илмӣ-бадеии намоишгоҳ, таъмини шароити техникӣ ва масъалаҳои ҳамлу нақли онҳо баррасӣ гардиданд.
Намоиши муштараки «Олами гулдӯзии тоҷикон» ба рӯйдоди муҳими фарҳангӣ ва рамзи дӯстию ҳамкории судманд байни ду давлат табдил хоҳад ёфт. Намоиши «Олами гулдӯзии тоҷикон» дар Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон як моҳ идома меёбад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд






