Оид ба тадбирҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои молия, таҳсил ва иқтисод конференсияи байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявӣ, нобаробарии иқтисодӣ, мушкилоти соҳаи маориф ва таъсири тағйирёбии иқлим ба рушди иқтисодиёт зимни конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Конференсия таҳти унвони «Мушкилоти глобалӣ ва тадбирҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои молия, таҳсилот ва иқтисод» доир шуд. Зимни он иброз гардид, ки дар ҷаҳони имрӯза мушкилоти глобалӣ, ба мисли тағйирёбии иқлим, буҳронҳои молиявӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ ба молия, таҳсилот ва иқтисод таъсири калон мерасонанд. Аммо инноватсияҳо — зеҳни сунъӣ, рақамикунонӣ, иқтисоди «сабз» ва моделҳои нави таълимӣ метавонанд ба инсоният имкон диҳанд, ки аз ин мушкилӣ раҳоӣ ёбад ва рушди устуворро таъмин намояд.
Бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидаанд.
Дар конференсия ба таври маҷозӣ аз ҷониби намояндагони мактабҳои олии Русия ва Узбекистон дар мавзуъҳои «Бозори молиявии «сабз»: таҳлили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушд дар Русия», «Таҳлили глобалӣ ва пешгӯйии рушди иқтисодии мамлакатҳои Аврупо, Қафқоз, минтақаи Осиё, Уқёнуси Ором ва Узбекистон» ва «Ҷанбаҳои консептуалии таҳияи сиёсати андоз дар шароити рақамисозии иқтисоди миллӣ» маърузаҳо пешниҳод гардиданд.
Таъкид шуд, ки дар асри XXI ҷомеаи ҷаҳонӣ бо якчанд мушкилоти глобалӣ рӯ ба рӯ аст, ки ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ таъсир мерасонанд. Барои ҳалли онҳо истифодаи технологияи муосир аҳамияти калидӣ дорад.
АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон








ТАШАББУСҲОИ НАҶИБУ ОМӮЗАНДА. Дар хусуси аз ҷониби Пешвои миллат тақдим гардидани се китоб ба аҳолии Тоҷикистон
Ҳайати Академияи таҳқиқотии Малайзия бо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва бостонии Тоҷикистон шинос мешавад
Олимони ҷавони тоҷик дар Мактаби байналмилалии илмӣ-таълимӣ барои ҷавонони ИДМ иштирок намуданд
Оид ба омӯзиши илмҳои криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло доир шуд
Соли 2027 Душанбе мизбони Форуми VI театрии ҷавонони кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон мегардад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Малайзия баррасӣ шуд
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун Маркази фарҳангӣ ифтитоҳ гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши осори таърихии Гунди Шопури Эрон баргузор мегардад
Дар ноҳияи Мастчоҳ Маркази фарҳангӣ ба истифода дода шуд
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон масоили муҳимми сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ баррасӣ гардид
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон идома доранд






