Ҳоким Холиқзода бо Вазири меҳнат ва таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия Ведат Ишикхан мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 23.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо Вазири меҳнат ва таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия Ведат Ишикхан мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни мулоқот иброз гардид, ки ҷониби Тоҷикистон аз сатҳу муҳтавои равобити дуҷониба бо Туркия, ки бар арзишҳои умумии тамаддунӣ, таърихӣ ва бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манфиатҳои муштарак асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ менамояд.
Зарурати густариш ва таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва инчунин рушди шарикии дарозмуддат таъкид гардид.
Муовини якуми Сарвазири мамлакат зарурати баргузории ҷаласаи нахустини Шурои ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Туркияро таъкид карда, Шуроро воситаи муассир барои баррасии масъалаҳои муҳими ҳамкории гуногунҷанба арзёбӣ намуд.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, саноат, сайёҳӣ, маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ карда шуданд.


Таъкид гардид, ки Тоҷикистон то ба 1 миллиард доллари ИМА расонидани гардиши мол ҳавасманд буда, ба роҳ мондани ҳамкориро дар бахшҳои афзалиятнок, аз ҷумла нассоҷӣ, коркарди алюминий ва таъсиси корхонаҳои муштарак муҳим мешуморад.
Ҷонибҳо баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории иқтисодиро дар моҳи октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе муҳим арзёбӣ намуданд.
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон аз ҳамкории фаъоли Агентии туркӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ТИКА) дар татбиқи лиоҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати идомаи чунин иқдомро таъкид кард.
Ҳамзамон ҷонибҳо вобаста ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, мубодилаи фарҳангӣ, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуданд.
Дар анҷом тамосҳои мунтазами сатҳҳои гуногуни ду давлат барои рушди равобити дуҷониба зарур шуморида шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад






