«РӮДАКӢ РАФТУ МОНД ҲИКМАТИ ӮЙ». Дар Бӯстон ба ифтихори бунёдгузори адабиёти тоҷик озмун доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бӯстон озмун аз рӯи ду номинатсия: «Иншои беҳтарин дар мавзуи «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй»» ва «Беҳтарин хонандаи ашъори шоир Рӯдакӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд.
Ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба бузургдошти шоири тавоно, қофиласолор ва бунёдгузори адабиёти тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида шудааст.
Дар тамоми муассисаҳои фарҳангӣ ва таълимии шаҳри Бӯстон бахшида ба ин сана ҳамоиш ва конфронсҳо доир карда мешаванд.
Муҳимтарин хизмати ин абармарди адабиёт бо осори бебаҳояш он аст, ки дар ташаккули забони адабии тоҷикӣ ва ҳифзи он хизмати таърихӣ ба анҷом расонидааст. Осори устод Рӯдакӣ бештар мавзуъҳои умдаи ҷомеа, замону макон, фалсафа, ҳикмат, ахлоқ, панду насиҳат, башардӯст будан ва тасвири табиатро фаро мегирад. Абёти панду ахлоқии устод моро ба ҷавонмардиву ростқавлӣ, илмандӯзию фарҳангдӯстӣ даъват менамоянд ва дар замирамон некию накукорӣ ва муҳаббату садоқат мепарваранд.
Баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Тоҷикистон такя ба илму маонӣ ва фарҳангу адаби баланди миллии хеш намуд. Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Рӯдакӣ яке аз иқдоми шоистаи Ҳукумати Тоҷикистону мардуми он ва нишони арҷгузорӣ ба фарҳанг ва таърихи ғании миллати тоҷик мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






