Таҷрибаи Тоҷикистон дар самти рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ дар Бишкек муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 11.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таҷрибаи Тоҷикистон дар самти рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ дар Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ, ки дар пойтахти Қирғизистон –шаҳри Бишкек баргузор шуд, муаррифӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ дар радифи коршиносон ва намояндагони мақомоти гумруки 9 давлати ҷаҳон ҳайати Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуд.
Дар Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ намояндагони мақомоти гумруки кишварҳои ҷаҳон таҷриба ва дастовардҳояшонро дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ (AI) муаррифӣ намуданд. Аз ҷумла, мавзуъҳои марбут ба идоракунии хавфҳо, рақамикунонӣ, гумруки ҳушманд ва татбиқи технологияҳои навин дар фаъолияти гумрукӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳайати Тоҷикистон зимни баргузории конфронс таҷрибаи мамлакатро дар самти модернизатсия ва рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ, махсусан истифодаи зеҳни сунъӣ дар низоми идораи таваккал муаррифӣ намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040», Консепсияи иқтисоди рақамӣ ва «Барномаи рушди миёнамуҳлати мақомоти гумрук барои солҳои 2025–2029» унсурҳои зеҳни сунъиро тадриҷан ба раванди гумрукӣ ворид менамояд.
Иштироки мутахассисони миллӣ дар чунин чорабиниҳо имконият фароҳам меорад, ки таҷрибаи кишварҳои пешсаф мавриди омӯзиш қарор гирифта, барои татбиқи муваффақонаи ислоҳоти рақамӣ дар фаъолияти гумрукӣ замина фароҳам гардад.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд






