Ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» ҷаласаи 5-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни ҷаласа, ки таҳти ҳамраисии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳ доир гардид, масъалаҳои тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, саноат, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуданд.
Хабар такмил дода мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»