«ЗАБОНИ МИЛЛАТ — ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Душанбе тарҷумаи ҷилди якуми китоби Президенти Тоҷикистон рӯнамоӣ гардид
ДУШАНБЕ, 07.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода тарҷумаи ҷилди якуми китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» бо забонҳои фаронсавӣ, куриёӣ, арабӣ ва ҳиндӣ рӯнамоӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Тарҷумаи китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат-ҳастии миллат» аз ҷониби раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон соли 2022 оғоз гардида, то имрӯз бо 7 забони тадрисшавандаи муассиса- русӣ, англисӣ, чинӣ, фаронсавӣ, куриёӣ, арабӣ ва ҳиндӣ тарҷума ва нашр карда шудааст. Аз рӯйи нусхаи тоҷикӣ ва тарҷумаҳои он омӯзгорон ба донишомӯзони донишгоҳ дарс медиҳанд.
Тарҷумаҳои китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» ба муаррифии забону фарҳанги миллати тоҷик ба оламиён мусоидат карда, саҳми арзишманду мондагор мегузорад.
Китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» воқеан ҳам дар ҳамбастагӣ ба ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба забони модарӣ навишта шудааст. Ин китоб бори дигар бо далелҳои муътамад ва суханони баланду дилписанд бузургию тавоноӣ ва таърихи пуршарафи забони модарии моро собит менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Забони миллат – ҳастии миллат» ба таври пайдарпай решаҳои гузашта, таҳаввул ва ба мушкилиҳо дучор шудани забонро дар партави таърих мавриди баррасӣ қарор додаанд. Дар китоб роҷеъ ба пайдоиши тоҷикон ва забони онҳо дар асоси манбаъҳои илмӣ изҳори назар гардида, дар айни замон ба ҳудуди густариши он низ ишорат шудааст. Маълум мешавад, ки забони тоҷикӣ дар гузаштаҳо аз баҳри Миёназамин то Чин забони байналмилалӣ будааст. Дар раванди нигориш Пешвои миллат ба навиштаҳои пажӯҳандагони шарқию ғарбӣ такя намуда, ҳар гуфтаашонро бо далелҳои илмӣ асоснок намудаанд.
Китобҳои ҷилди якум ва дуюми «Забони миллат-ҳастии миллат»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохти забони тоҷикӣ, таърихи тайнамуда, хизматҳои он дар рушди тамаддуну фарҳанги миллати куҳанбунёд ва паҳлуҳои гуногуни забони тоҷикӣ маълумоти муфассал медиҳанд.
Ин асарҳои мондагор хонандаро водор месозанд, ки забони модариро ҳамчун неъмати пурарзиш ва муқаддаси таърихии миллат шиносад ва ба он арҷу эҳтиром гузорад. Солҳо мегузаранд ва қимати ин гуна китобҳо бештар ва муҳимияти он зиёдтар мешавад. Зеро ин асарҳо оинаеанд, ки дар он мо гузашти вақт, мавҷудияти забон ва ташаккули он, муборизаҳои фарзандони фарзонаро барои зиндаву ҷовидон мондани забони модарӣ баръало мебинем.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд






