Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегарданд

Ноябрь 8, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 08.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр дар пойтахти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико -шаҳри Вашингтон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор шуд. Дар назар аст, ки 9 ноябр дар шаҳри Ню-Йорк Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор гардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар пойтахти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико -шаҳри Вашингтон дар сатҳи баланд доир гардид. Дар барномаи рангину пурмуҳтаво аз ҷониби ҳунармандони тоҷик суруду оҳангҳо ва рақсҳои миллӣ пешниҳод шуданд. Инчунин аз ҷониби ҳунармандон намоиши либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои дастӣ манзур гардонда шуданд, ки писанди иштирокдорон шуд.

Баргузории Рӯзҳои фарҳанг замина барои боз ҳам бештар шинос шудан бо фарҳангу санъати якдигар ва таҷриба гирифтан аз навгониҳо дар соҳаи фарҳанг мебошад.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 14 феврали соли 1992 барқарор шудаанд. Моҳи марти ҳамон сол Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон кушода шуд. Соли 2006 бинои нави Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе бунёд гардид.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вашингтон аз соли 2002 фаъолият менамояд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 8, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад