Дар ноҳияи Мастчоҳ зиёда аз 20 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 14.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Барномаи давлатии кабудизоркунӣ дар ноҳияи Мастчоҳ давоми соли равон зиёда аз 20 ҳазор бех ниҳолҳои ороишию сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, зимни ҳашари ниҳолшинонӣ дар шаҳраки Бӯстон беш аз 500 бех ниҳолҳои ороишӣ, ки ба шароити иқлими минтақа мутобиқ мебошанд, шинонида шуданд.
Дар ҳашари ниҳолшинонӣ роҳбарияти ноҳия, кормандони ташкилоту идораҳо ва намояндагони ҷамоатҳои шаҳрак фаъолона иштирок намуданд.
Ҳадафи ниҳолшинонӣ беҳсозии муҳити зист, зебо намудани симои шаҳраку деҳот ва коҳиши таъсири омилҳои экологӣ арзёбӣ гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд






