ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 214 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ба «шаҳри гулрез» ва «шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе дар мавсими нави ниҳолшинонӣ дар гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ зиёда аз 214 ҳазору 149 бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ба иттилои директори Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкорӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Олимхон Тағозода, дар айни замон дар ин корхона зиёда аз 28 ҳазор бех дарахтон барои шинонидан омода карда шудаанд.
Ба иттилои Олимхон Тағозода, шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз ба зебоии шаҳр ҳусну таровати тоза мебахшад. Зеро сабзазоркунию гулшинонӣ дар байни мардуми тоҷик чун рамзи сарсабзӣ ва зебоӣ маҳбубияти хосса дошта, чунин иқдом шаҳрвандонро ба зебоипарастию озодагӣ талқин менамояд.
Ёдовар мешавем, ки 28 декабри соли 2023 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардида буд, ки «бо назардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии ҷумҳурӣ, инчунин муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш дода мешавад, ки Барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии мамлакатро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд».
«Таъмин намудани зиндагии осудаву босаодати наслҳои ояндаи халқамон моро водор месозад, ки ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоем. Яъне, мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва чунонки доим таъкид менамоям, ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод ба мерос гузорем»,- изҳор доштанд Сарвари давлат.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд






