Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 01.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 дар Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад. Ин чорабинӣ ба муносибати қабул гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО доир карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Баргузории Симпозиуми байналмилалӣ дар ноҳияи Восеъ бо иштироки таърихнигорону бостоншииносони давлатҳои гуногун дар назар дошта шудааст.
Бозётфҳое, ки аз девормусввараҳои шаҳристони Ҳулбук ёфта шудаанд, имрӯз қадимтарин намуна аз хати забони тоҷикӣ мебошанд.
Дар доираи баргузории ҳамоиш якчанд чорабиниҳо, аз ҷумла Конфренсияи ҷумҳуриявии «Мавқеи Хутали қадим дар инкишофи пешрафти таърихи миллати тоҷик» дар назар аст. Инчунин сабти филм вобаста ба шаҳрҳои Хутали қадим низ ба нақша гирифта шудааст.
Бояд иброз намуд, ки забони тоҷикӣ, аз ҷумлаи қадимтарин ва гуворотарину зеботарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад. Далели бостонӣ будани миллати тоҷик ва забони тоҷикиро ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни ориёӣ донишмандону олимони баландпояи ҷаҳонӣ дар осори зиёди илмии худ эътироф ва тасдиқ кардаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд






