Соли 2027 Душанбе мизбони Форуми VI театрии ҷавонони кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон мегардад

Декабрь 25, 2025 09:46

ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2027 дар шаҳри Душанбе Форуми VI театрии ҷавонони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон баргузор мегардад.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 24 декабр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба баргузории Форуми VI театрии ҷавонони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон ба имзо расид. Ёддошти тафоҳумро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Президенти Конфедератсияи байналмилалии иттиҳодияҳои театрӣ Карина Сатурова имзо намуданд.

Форуми театрии ҷавонон ба таҳкими робитаҳои эҷодии ҷавонони соҳаи театр дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон равона гардидааст.

Ҳадафи форум ҳифз ва рушди робитаҳои фарҳангӣ,  муттаҳид сохтани театрҳою чеҳраҳои ҷавони театр ва густариши шаклҳои нави ҳамкории эҷодии ҷавонон дар соҳаи фарҳанг ва санъат дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон мебошад.

Дар назар аст, ки дар доираи он ҳунармандони ҷавон равияҳо ва консепсияҳои нави рушди санъати театриро омӯхта, таҳлил намоянд. Инчунин баргузории дарсҳои маҳорат ва вохӯриҳо бо устодони шинохтаи театри муосири Русия ва ҷаҳон дар назар аст.

Дар ҷараёни форум ҳайати касбии ҳакамон намоишҳои интихобнамудаи гурӯҳҳои коршиносро тамошо намуда, ғолибонро бо ҷоизаҳои рамзии «Чатрҳои тиллоӣ, нуқраӣ ва биринҷӣ», ки рамзи муттаҳидкунандаи Форуми театрии ҷавононанд, қадрдонӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми театрии ҷавонони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар се сол як маротиба баргузор мегардад.  Форум нахустин маротиба соли 2012 дар Кишинёв, соли 2015 дар Минск, соли 2018 дар Ереван, соли 2021 дар Тошканд ва соли 2024 дар Алмато баргузор шудааст.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳури Тоҷикистон

Декабрь 25, 2025 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд