ЯХОБМОНӢ-ЗАХИРАИ НАМӢ БАРОИ СОЛИ ОЯНДА. Ин тадбири муҳим дар Тоҷикистон аз охири моҳи ноябр то моҳи феврал гузаронида мешавад

Декабрь 7, 2025 10:50

ДУШАНБЕ, 07.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Обмонии захиравӣ ва яхобмонӣ дар моҳҳои ноябр, декабр ва январ ба беҳтар шудани ҳолати хок ва рушди солонаи ниҳолҳо таъсири мусбат мерасонад. Инчунин он дарахтонро дар фасли баҳор бо намӣ таъмин намуда, ба дер гул кардани дарахтон ва фаровон гардидани мева мусоидат мекунад. Чунин изҳор намуд доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров ба мухбири АМИТ «Ховар».

Ба таъкиди олимон, обе, ки дар зимистон дода мешавад, дар қабатҳои поёнии хок нигоҳ дошта шуда, дар фасли баҳор ҳамчун манбаи асосии намӣ барои ниҳол хизмат мекунад. Инчунин  решаи дарахт ва ток дар баҳор фаъол гардида, нашъунамо беҳтар ва ташаккули гулҳо хубтар мешавад.

Яъне яхобмонӣ – ин сармоягузории захираи намӣ барои соли оянда аст. Бо сари вақт гузаронидани яхобмонӣ боғу токзор ба баҳор омода шуда, рушду ҳосилнокии онҳо назаррас мегардад.

Инчунин дар натиҷаи яхобмонӣ шӯрии хок кам шуда, замин хубтар нам мекашад, микроорганизм ва ҳашароти зараррасон нобуд шуда, замин истироҳат мекунад. Яхобмонӣ дар оянда — дар фасли гармо метавонад ба нашъунамои растаниҳо таъсири хуб расонад.

Ҳикматулло Назиров илова кард, ки агар хоҷагидорон  обмонии захиравӣ ва яхобмониро сари вақт  гузаронанд,  дарахтон дар зимистон боз карахттар шуда, дертар ба нашъунамо оғоз менамоянд. Заминҳои лалмиро бояд шудгор ва  атрофи дарахтонро нарм намоем. Вақте ки барфу борон меборад, заминҳои лалмиро ҳатман барфпӯш ва онро зер намудан зарур аст.

Манфиати яхобмонӣ дар он ифода меёбад, ки давраи гулкунии дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла бодом ва зардолу ба қафо партофта шуда, имконият медиҳад, ки дарахтон аз сардиҳои ногаҳонии баҳорӣ эмин монанд. Вақте ки давраи хунукии ногаҳонии фасли баҳор гузашт, сипас дар оғози гулкунӣ метавон ҳосили хубу босифат ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки меъёри яхобмонӣ аз таркиби хок ва чуқурии обҳои зеризаминӣ вобаста буда, он шуруъ аз охири моҳи ноябр то моҳи феврал гузаронида мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 7, 2025 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид