Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба 17 миллион сомонӣ баробар гардид

Январь 12, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 12.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» 18 ширкати ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шуда, ҳаҷми сармоягузорӣ то ин давра қариб ба 76 миллион сомонӣ баробар гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин минтақаи озоди иқтисодӣ соли 2025 ба 17 миллион сомонӣ расида, дар он 64 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ яке аз воситаҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, ба таъсиси ҷойи нави кор, ворид намудани технологияҳои муосир ва ба афзоиши истеҳсолоти рақобатпазир мусоидат менамоянд.

Таъкид шуд, ки мавқеи ҷуғрофии минтақа барои рушди тиҷорати фаромарзӣ, логистика ва истеҳсолоти саноатӣ имконияти мусоид фароҳам меорад.

Масъулин дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кормандони маъмурият, соҳибкорон ва сармоягузорони ин минтақаи озоди иқтисодӣ расониданд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба истифодаи имтиёзҳои андозию гумрукӣ, содагардонии расмиёти маъмурӣ ва ҷалби сармояи мустақим мавриди муҳокима қарор гирифт.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 12, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд