Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 41 ҳазор нусха китобҳои камистифодашаванда ва нодир нигоҳдорӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 04.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 41 ҳазор нусха китоб гирдоварӣ карда шудааст, ки ҳар кадоме дар алоҳидагӣ бойигарии китобхона маҳсуб мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар фонди ин шуъба китобҳое нигоҳдорӣ мешаванд, ки бо имзои махсуси шахсиятҳои машҳур тақдим ва ё аз тарафи эшон хонда шудаанд. Аз ҷумла, дар ин шуъба нусхаи китоби соли 1923 дар нашриёти Тошканд чопшудаи Садриддин Айнӣ нигаҳдорӣ мешавад.
Шуъбаи депозитарӣ яке аз шуъбаҳои таркибии Китобхонаи миллии Тоҷикистон буда, фонди онро асосан асарҳои камистифодашаванда, асарҳои нодири дорои қимати илмӣ ва нусхаҳои зиёдатии асарҳо ташкил медиҳанд. Дар шуъбаи депозитарӣ асарҳои аз солҳои 1700 то соли 2015 нашршуда ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд.
Таркиби фонди шуъба аз маводи шакли чопӣ –китобу маҷаллаҳо ва варақаҳои изографӣ (мусаввараҳо) иборат аст. Ин ҳуҷҷатҳо аз ҷиҳати мазмун асарҳои камистифодашаванда буда, қимати баланди илмӣ доранд, ба монанди натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ (экспедитсияҳо), асарҳои олимони ҷаҳон, маълумотномаҳо (энсиклопедия, луғат, фарҳанг), ки бо забонҳои русиву тоҷикӣ ва бо ҳуруфи лотинию сирилик нашр гардидаанд.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд






