Дар Панҷакент ҷаласаи Шуро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 январ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии шаҳри Панҷакент ҷаласаи ҳафтуми Шуро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, дар ҷаласа аъзои нави Шуро аз ҳисоби роҳбарони корхонаҳои азими саноатии шаҳр, намояндагони шарикони рушд, ташкилоти ҷамъиятӣ ва соҳибкорону ҳамватанони бурунмарзӣ интихоб карда шуданд.
Масъалаи дастрасии соҳибкорон ба қитъаи замин ва рушди соҳаи сайёҳӣ матраҳ карда шуда, нақшаи кори Шуро барои соли 2026 тасдиқ гардид.
Масъулин барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷӣ ба иқтисодиёт, истифода аз фазои муносиби сармоягузорӣ ва ҷалби соҳибкорон ба корҳои ободониву созандагӣ вазифадор карда шуданд.
Таъкид гардид, ки соҳибкорӣ яке аз соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, Президенти Тоҷикистон ба рушди он аҳамияти хосса зоҳир менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд






