«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Моҳи апрел дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 12.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шанбеи дуюми моҳи апрел дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» доир мегардад. Озмун дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи бештари таомҳои миллии азбайнрафта ва муаррифии маҳорату ҳунари кадбонугии занону духтарони тоҷик ба роҳ монда шудааст.
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» дар шаҳру ноҳияҳо бо муайян намудани кадбонуҳои беҳтарин аз маҳаллаҳо, деҳа, деҳот, шаҳраку ҷамоат, шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм дар сатҳи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз моҳи феврал то моҳи март ва даври ҷумҳуриявии он дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ғолибони ду даври озмун ва кадбонуҳою ҳунармандон ба нақша гирифта шудааст.
Имсол соли ҳаштум аст, ки ин озмун бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор гузаронида мешавад.
Ҳадафи асосии озмун ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби кадбонуҳо, занони соҳибзавқ ва ҳунармандони моҳир, эҳёи таомҳои миллию маҳаллии азбайнрафта ва ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаю ошхонаҳо, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва завқи дастархонороӣ гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 ин озмун аз рӯйи 6 номинатсия: «Беҳтарин ороиши дастархон», «Эҳёи таомҳои миллии азбайнрафта», «Омода намудани қурутоб», «Омода намудани рубич», «Омода намудани хӯриши миллӣ» ва «Омода намудани кулчақанди миллӣ» баргузор гардида, ғолибони он қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






