НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 6 неругоҳи барқи офтобӣ ба истифода дода шуд

Январь 27, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 27.01.2026  /АМИТ «Ховар»/.  Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои ватанӣ ва собиқ хатмкунандагони донишгоҳ барои ташаккул ва рушди стратегияи иқтисоди «сабз» 6 неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 62 кВт сохта ва ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ректори ин донишгоҳ Хайрулло Назарзода 27 январ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Баъзе синфхонаҳо ва маҷлисгоҳҳои донишгоҳ бо ҳамин неругоҳҳои барқи офтобӣ равшан карда шудаанд. Нақша дорем, ки дар оянда шумораи чунин неругоҳҳоро зиёд намоем»,- иброз дошт Хайрулло Назарзода.

Тавре аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (16 декабри соли 2025) бармеояд,  масъалаи амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегӣ, хусусан истиқлоли энергетикӣ чун мавзуи меҳварӣ дар маркази таваҷҷуҳ ва диққати Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

Хайрулло Назарзода афзуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки дар он барқарории истиқлоли энергетикӣ ва роҳҳои расидан ба зиндагии шоистаи мардуми мамлакат баррасӣ карда мешаванд, аҳамияти муҳимтарин ҷанбаҳои рушди иқтисодӣ ва пешрафти соҳаҳои стратегиро таъкид мекунад. Маҳз ин ҳадафҳои асосӣ ба баландшавии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, афзоиши содироти маҳсулоти ватанӣ ва истифодаи самаранок аз имконияти бозори ҷаҳонӣ, ки барои Тоҷикистон фурсати беназир фароҳам меорад, мусоидат мекунанд.

Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, то соли 2030 дар мамлакат иқтидори умумии неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои офтобӣ ва бодӣ бояд на камтар аз 3000 МВт-ро ташкил диҳад. Бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ имкон медиҳад, ки фаъолияти низоми энергетикӣ беҳтар гардад. Ин махсусан ба давраи авҷи истеъмол-асосан фаслҳои  тирамоҳу зимистон рост меояд.

Зимни нишаст дар мавриди бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони донишгоҳ изҳор гардид, ки соли 2025  67 фоизи хатмкунандагони донишгоҳ бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 27, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд