Дар шаҳри Ҳисор минтақаи саноатӣ таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 05.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар оянда дар доираи Панҷсолаи рушди саноат (2022-2026) ва аз мамлакати аграрӣ ба давлатӣ индустриалӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон бо назардошти имконияту иқтидори мавҷуда дар Ҷамоати Ҳисори шаҳри Ҳисор минтақаи саноатӣ таъсис дода шавад.
Дар нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар робита ба рушди соҳаи саноат дар соли 2025 иброз гардид, ки «ҳоло дар шаҳри Ҳисор 120 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад. Соли 2025 8 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар натиҷа қариб 60 ҷойи нави кор таъсис дода шуд.
Самти корхонаҳои саноатии ба фаъолият шуруънамуда асосан ба истихроҷу коркарди қуму шағал, истеҳсоли хишт, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва парандапарварӣ нигаронида шудааст. Соли 2025 дар шаҳри Ҳисор дар ҳаҷми беш аз 362 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2024 18,5 миллион сомонӣ ё 105,4 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли нахи пахта дар шаҳр 1763,4 тонна ё 3,1 баробар, равғани растанӣ 741,3 тонна ё 5 баробар, гӯшт 441 тонна ё 108,9 фоиз, маҳсулоти ширӣ 308,8 тонна ё 94,1 фоиз, сангу шағал 71,7 ҳазор метри мукааб ё 135,8 фоиз ва чигит 807,9 тонна ё 3,1 баробар иҷро гардид.
Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 ба рушди соҳаи саноат аҳамияти махсус зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки «бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати мамлакат пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солҳои рушди саноат эълон карда шаванд».
Ин аст, ки давоми қариб панҷ сол дар мамлакат садҳо корхонаю коргоҳи нави саноатӣ таъсис дода шуд. Ин дар самти татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ ва аз давлати кишоварзӣ ба индустриалӣ табдил додани Тоҷикистон нақши муассир мегузорад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Тоҷикистон ва Эрон дар самти густариши ҳамкории саноатӣ ва тиҷоратӣ ба мувофиқа расиданд
Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар Хатлон беш аз 80 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон қариб 400 корхонаи саноатӣ таъсис дода шуд






