Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд

Февраль 4, 2026 19:00

ДУШАНБЕ, 04.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни донишкада давоми 3 соли баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» фаъолона иштирок намуда, 3 нафар сазовори «Шоҳҷоиза» ва 31 нафар сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардида, бо диплому мукофотпулиҳо қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин хусус имрӯз ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Сироҷиддин Ҷурахонзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.

Сироҷиддин Ҷурахонзода иттилоъ дод, ки соли 2025 дар даври ниҳоии озмун 13 донишҷӯ сазовори ҷойҳои намоён, аз ҷумла 1 нафар соҳиби «Шоҳҷоиза» шуд. Ҳамзамон донишҷӯёни гурӯҳҳои шартномавии донишкада, ки дар даври ҷумҳуриявӣ ғолиби озмун гардиданд, тибқи талаботи Низомномаи озмун аз гурӯҳҳои пулакӣ ба гурӯҳҳои ройгони таҳсил гузаронида шуданд.

Дар нишаст гуфта шуд, ки соли 2025 аз ҷониби омузгорони донишкада намоиши инфиродии асарҳои эҷодӣ гузаронида шуд, ки барои муассисаи олии тахассусӣ дастоварди арзишманд маҳсуб мешавад. Ҳамзамон дар ин давра як зумра омузгорони донишкада асарҳои эҷодиашонро дар намоишгоҳҳои хориҷи ҷумҳурӣ ба маърази тамошо гузошта, бо сертификату диплом ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда шуданд.

«Соли 2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайнро 332 нафар хатм намуда, 9 нафар сазовори дипломи аъло гардид. Раёсати донишкада бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавонро яке аз масъалаҳои калидӣ дониста, донишҷӯёнеро, ки ба тариқи буҷавӣ хатм менамоянд, ҳар сол тибқи роҳхат бо ҷойи кор таъмин менамояд.

Дар баробари ин, раёсати донишкада кӯшиш менамояд, ки донишҷӯёни ба тариқи шартномавӣ хатмкардаро низ бо ҷойи кор таъмин намояд. Аз шумораи умумии хатмкунандагон 34 нафарро хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии равияи омузгорӣ ташкил медиҳанд, ки тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра бо ҷойи кор таъмин гардидаанд»,-гуфт ректори донишкада.

Иброз гардид, ки соли 2025 аз ҷониби омузгорон 7 намоиши инфиродӣ, донишкадавӣ ва байналмилалӣ ва 27 дарси маҳорат гузаронида шуд. Ҳамзамон дар ин давра Фестивали мӯд зери унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» баргузор гардид. Ҳамин тавр, омузгорони эҷодкори донишкада дар зиёда аз 10 намоиши сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва дохилидонишкадавӣ иштирок намуда, асарҳоро ба намоиш гузоштанд.

Гуфта шуд, ки имрӯз дар Маркази бачагонаи рассомии донишкада 19 шунаванда, дар бахши тайёрӣ 15 шунаванда ва дар машғулияти дӯзандагӣ 11 нафар таҳсил доранд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Февраль 4, 2026 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд