Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад

Февраль 28, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 28.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Даври якуми озмун аз 11 то 28 феврал дар ҳама муассисаҳои  таълимӣ, корхонаву муассисаҳои гуногуни давлатию ғайридавлатӣ баргузор гардид.

Тавре корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Амиров иброз намуд, соли  2025 дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 352 ҳазору 42  нафар иштирок намуданд, ки нисбат ба соли 2024 теъдоди иштирокчиён дар даври якум 100 ҳазору 776 нафар зиёд буд.

«Рафти озмуни имсола нишон медиҳад, ки теъдоди иштирокчиён ва китобхонон бештар гардидаааст. Барои ҳавасманд намудани довталабон, махсусан хонандагон  ба теъдоди китобҳои хондаашон нигоҳ накарда, ба онҳо барои иштирок дар даври якуми озмун  иҷозат дода мешавад. Ин раванд имконият медиҳад, ки шавқу ҳаваси китобхонӣ дар байни хонандагон бештар гардида, хонандагон барои дарки масъулиятшиносӣ ва рӯ овардан ба китоб таҳрик дода шаванд», -афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ҷалолиддин Амиров ҳамзамон иттилоъ дод, ки бо мақсади шаффоф гузаронидани озмун дар қисмати даври аввали он намояндагони Вазорати маориф  ва илм  дар чанд муассисаи таълимии шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон иштирок намуда, бо аъзои комиссияҳои муассисаҳои таълимӣ ва ноҳиявӣ барои дар доираи талаботи Низомнома баргузор гардидани озмун суҳбату нишастҳо намуданд.

Иброз гардид, ки дар моҳи феврал нисбат ба баргузории озмун аз тариқи воситаҳои ахбори омма, махсусан телевизион ва радиои ҷумҳурӣ  чор барномаи махсус  ташкил шуда, тарзи баргузории озмун ва дигар масъалаҳои марбут ба он аз ҷониби мутахассисони Вазорати маориф  ва илм шарҳ дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 январи соли 2026 Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қабул гардид. Маблағҳои соли 2026 барои озмун ҷудошуда 8 миллиону 290 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд. Маблағи имсол аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудошуда нисбат ба соли 2025 (6 миллиону 670 ҳазор) 1 миллиону 620 ҳазор сомонӣ зиёдтар аст.

Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун, дигар табақаҳои аҳолӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ доир мегардад.

Озмун аз рӯйи чор номинатсия баргузор мешавад:

— адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;

— адабиёти классикии тоҷик;

— адабиёти муосири тоҷик;

— адабиёти ҷаҳон.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 28, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд