Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд

Февраль 22, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 22.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 33-солагиии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллӣ иттилоъ медиҳад, ки зимни ифтитоҳи намоиши ҷашнӣ директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода доир ба таърихи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таъмини ҳифзу оромӣ ва сулҳу суботи мамлакат сухан намуд.

Дар намоиш бори нахуст аз фонди Осорхонаи миллӣ офаридаҳои рассомон, аз ҷумла Камелин А.Н. «Муҳорибаи Спитамен бар зидди Искандари Мақдунӣ», Буртсев Е.Г. «Сарҳадчиён», Ёдгоров К. «Нури ситораи дур», Абдуқодиров М. «Симои Исмоили Сомонӣ», Хошмуҳаммедов М. «Темурмалик», Илябаев Д. «Набарди Рустам бо Исфандиёр», Лисиков И. «Посбони тартибот», Шералиев С. «Вохӯрӣ. Сарбоз ба хона баргашт», Қурбонов С. «Симои генерал Тошмуҳамедов», Канаян М. «Дар сарҳад», Хушвахтов Л. «Сарҳадбон», Бесперстов А. «Бозгашти писар», Раҳимов А. «Симои аввалин гурӯҳи занҳои милитсияи тоҷик» ва дигар асарҳои санъати тасвирии тоҷик, ки бо маҳорати баланди бадеӣ эҷод шуда, доир ба шуҷоату мардонагии муҳофизони сарзамини аҷдодӣ қисса мекунанд, пешкаши тамошобинон гардиданд.

Осорхонаи миллӣ ба ифтихори 33–солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз  19 то 23 феврал  2200 нафар афсарону сарбозонро ба таври ройгон ба тамошои экспозитсия ва намоиши ҷашнии Осорхонаи миллӣ ҷалб намояд. Аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ барои афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҷиҳати шиносоии бештар бо таърих ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик сайрҳо баргузор мегарданд.

Намоиши «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» то 3 март идома меёбад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Февраль 22, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад